Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли равон иҷозат дода мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорони чорабинӣ Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мебошад. Ҳаракати қатораи иштирокдорон соати 10 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шурӯъ гардида, тавассути кӯчаҳои Карамов – Рӯдакӣ – Бухоро — Турсунзода — Шоҳтемур то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва кӯчаи Дӯстии халқҳо то «Боғи «Ғалаба» то соати 12 ба роҳ монда мешавад.
Дар ин росто, сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла, Раёсатҳои корҳои дохилӣ, амният ва тандурустии пойтахт муваззаф гардидаанд, ки зимни баргузории ин чорабинӣ тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба роҳ монанд.
АМИТ "Ховар"