Паҳлавонони маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Япония ҷараён дорад, ҷои панҷумро ишғол намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Дар рӯзи сеюми чемпионат қувваозмоиҳо дар вазни -73кг миёни писарон ва -57кг миёни духтарон сурат гирифтанд. Ду варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков 7-дастӣ гӯштин гирифтанд.
Беҳрӯз дар даврҳои муқаддамотӣ бар варзишгарони Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд Очир), Куба (Магдиел Эстреда), Косова (Акил Гйакова), Чин (Салйинҷиригала) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб шуд.
Беҳрӯз сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Тоҳар Битбули исроилӣ ғалаба кард, аммо дар рақобат барои медали биринҷӣ аз варзишгари рус Денис Йартсев шикаст хӯрда, ҷои панҷумро ишғол намуд.
Сомон бар варзишгарони Капе Верде (Магнер Мендес), Шветсия (Томи Макиас), Молдова (Виктор Стерпу), Люксембург (Клаудиос Сантос) ғолиб омада, дар чорякфинал аз намояндаи Россия Денис Йартсев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Билол Чилоғлуи туркро шикаст дода, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб гардид.
Дар ин вазн Шоҳеӣ Онои японӣ медали тилло, Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ медали нуқраро сазовор шуданд.
Варзишгарони мо барои ҷои панҷум дар Чемпионати ҷаҳон сазовори 720-холӣ гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ беҳтар намуданд.
Бояд зикр кард, ки 26 август варзишгари дигар мо Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг дар даври аввал аз ҳарифи испаниаш Алберто Мартин шикаст хӯрда буд.
Имрӯз, 28 август қувваозмоиҳои вазни -81кг миёни мардон, -63кг миёни бонувон доир мегарданд. Варзишгари мо Акмал Муродов дар ин вазн миёни мардҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.
АМИТ «Ховар»