Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» барои ғалаба 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кард

Дастаи «Хуҷанд» дар сурати дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО — 2018 бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон ғолиб гардидан аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар робита ба ин иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки футболбозони дастаи «Хуҷанд» дар бозӣ бо дастаи «Аҳал» маҳорати хуб нишон дода, мухлисонашонро шод мегардонанд.

Зикр гардид, ки дар сурати дар ин бозӣ ғолиб омадан дастаи «Хуҷанд» аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.

Телевизиони «Варзиш» имрӯз соати 14:00 бо вақти маҳаллӣ бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва дастаи  «Аҳал»-и Туркманистонро аз Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ба таври мустақим намоиш медиҳад.

АМИТ "Ховар" 

Tags: