Филми тоҷикии «Оинаи бе ҷило» бори аввал дар кинотеатрҳои Чин ба намоиш гузошта мешавад

10 январ дар кинотеатрҳои Чин филми «Оинаи бе ҷило»-и Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта мешавад. Ташаббускори ин чорабинӣ China Film Group Corporation мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази Интернетии иттилоотии Чин хабар медиҳад.

Филми коргардон Носир Саидов дар бораи таърихи омурзиши гуноҳҳо ва эҳсосоти  инсонӣ  қисса менамояд. Нақшҳои асосиро Муҳаммад-Алӣ Маҳмадов, Парвиз Саидов, Мадина Назармонова ва Темур Турсунов иҷро мекунанд. Бояд зикр намуд, ки ин аввалин филми тоҷикист, ки дар кинотеатрҳои Чин аз айёми баргузор гаштани кинофестивалҳои кишварҳои СҲШ ба намоиш гузошта мешавад.

«Оинаи бе ҷило» яке аз филмҳои бонуфузи  Тоҷикистон дар чанд соли охир аст, ки дар мамлакат аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо даромади хуб гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки  ин филм дар кинофестивали якуми кишварҳои СҲШ муаррифӣ гардид ва ҳамчунин аз рӯи категорияҳои гуногун ба номинатсия гузошта шуд. Навор  ба ҳайси кори озмунӣ низ дар  ҷараёни кинофестивал дар маркази таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.  Ба сифати нахустин  филми тоҷикӣ, ки дар кинотеатрҳои Ҷумҳурии мардумии Чин «Оинаи бе ҷило» ба тамошобинони чинӣ урфу одати мардуми тоҷик ва ҳамчунин арзишҳои фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, он ҳамчунин барои дарк намудани  «муҳаббати мардумӣ»-и  халқи тоҷик  имкон дода, ба ҳавасмандкунии робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Дар паи амалишавии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» солҳои охир кино тадриҷан ҷузъи муҳими таркибии табодули фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи «Як камарбанд, як роҳ» мегардад. Аз ҷумла, ҳамкорӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар соҳаи саноати  кино амиқтар мегардад, зеро таъсири кинои Чин ба Тоҷикистон хеле зиёд аст. Соли 2015 дар партави корҳои созандагӣ дар доираи «Як камарбанд, як роҳ», ҳамчунин бо мақсади рушди ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои ду давлат дар кинотеатрҳои Тоҷикистон 5 филми чинӣ, аз ҷумла,  «Сарбозе азим», «Дар Тайланд гумшудагон» ва «Устоди бузург» ба намоиш гузошта шуданд. Соли 2019 «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кино миёни МД “Тоҷикфилм” ва “Идораи давлатии синамои ҶМЧ» ба имзо расид.

Дар Чин ба намоиш баромадани «Оинаи бе ҷило» барои ҳамкорӣ ва табодул миёни ду давлат дар соҳаи кино дар соли 2020 заминаи хуб мегузорад.

АКС. лаҳзаи наворбардории филми «Оинаи бе ҷило»

АМИТ «Ховар»

Tags: