Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти ҳамин бонк Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд

ТВТ. 07.10.2022. 6 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. 

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 29 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани беш аз 110 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷаноби Аксел ван Тротсенбург аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, муҳокима гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.

Манбаъ: president.tj

Tags: