Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуданд

Шоми 10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ- фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шудаанд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6- метра, 82 адад 10-метра ва 2 адад 15-метра насб гардидаанд. Боғ ду даромадгоҳ- аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуд аттраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунанд. Бо бунёди Боғи марказии фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин инконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр рӯҳбаланд мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: