Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолон ва сокинони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Тавре Умед Мирзоев, котиби матбуоти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, дар вохӯрӣ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муҳаммадшароф, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорон, имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо ва сокинони шаҳр иштирок доштанд. Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур шарҳ дод.
«Чанде пеш аз ҷониби Маркази исломшиносии Тоҷикистон китобчае бо номи «Тартиби азодорӣ ва таъзия» бо теъдоди ним миллион нусха нашр гардидааст, ки он бояд ба омма дастрас карда шавад. Дар он тамоми маросимҳои азодорӣ бо шарҳу тафсираш оварда шудаанд»,- гуфт Одинашоҳ Вализода.
Дар мулоқот зикр шуд, ки дар зиндагӣ амалӣ намудани талаботи ин қонун аз оила оғоз ёфта, бояд миёни омма риоя гардад. Баъдан миёни гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни маҷлис пурсишу посух доир гардид.
Чунин вохӯриҳо бо сокинон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12 ва15, гимназияи хусусии «Аминҷон», коллеҷҳои аграрӣ ва омӯзгорӣ низ доир гардиданд.
АМИТ "Ховар"