Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ТВТ. 20.09.2022. 20-уми сентябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд. Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин Президенти Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Манбаъ: prezident.tj

Tags: