ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ХУРРАМ ГАРДОНИДА МЕШАВАД. Дар ин бора 10 сентябр қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли ҷорӣ  нақшаи чорабиниҳо  оид ба шинонидани ниҳоли  дарахту буттаҳо,  гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020  тасдиқ  гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар  атрофи бинои   худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо,  гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»   хабар доданд,  ин иқдом бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт   ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   баҳри сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки  соли равон  як зумра  корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, то моҳи июли соли равон,  дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 9,5 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола ва дар майдони 166,9 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад. Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкану  буттагӣ аз хориҷи  мамлакат  ворид карда шуд ва дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: