«ПОМИР-ИНВЕСТ 2022». Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ доир мегардад

ТВТ.11.08.2022. 17-18 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми навбатии байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ҳадафи форум — ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода 1 август дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, «Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари  сармояи хориҷӣ ба Бадахшон гузаронида  мешавад. Дар он соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  мамлакат иштирок менамоянд».

Зикр шуд, ки Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» аз бахшҳои гуногун, ба мисли саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, интизор меравад иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 6 августи соли 2019 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест 2019» баргузор гардида буд, ки дар он беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доштанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: