Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақши занон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносии онҳо изҳори андеша намуда, таъкид намуданд, ки «зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Пешвои миллат дар идомаи суханронӣ зикр карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Сарвари давлат барои мисол аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.
Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд.
Ин нишондиҳанда соли равон аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад.
Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.
Ба андешаи Президенти мамлакат, бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.
АМИТ «Ховар»