Бо мақсади таҳкими ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷилавгирии насли ҷавон аз амалҳои террористию экстремистӣ ва пеш бурдани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонон ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон!» ҳамоиши ҳизбӣ доир намуд.
Зимни баргузории ҳамоиш аъзои «Созандагони Ватан» бо ҷавонони шаҳр суҳбат намуда, онҳоро ба ватандӯстӣ, ободкорию созандагӣ ва ҳушёрию зиракӣ даъват карданд.
Зикр шуд, ки амалҳои созанда ва иқдому ташаббусҳо ба ҷавонон илҳому ғайрати тоза бахшида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳоро боз ҳам қавӣ мегардонанд.
АМИТ "Ховар"