ТВТ.30.06.2022. Табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 46,2% афзоиш ёфт. Ин нишондодро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июн зимни мулоқоти дуҷониба бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки дирӯз бо сафари корӣ ба Душанбе омад, зикр намуданд.
«Русия шарики пешсафи тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонад ва ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст», — гуфтанд Сарвари давлат. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки дар ҳоли ҳозир қариб 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ доранд.
Бино ба маълумоти Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, гардиши мол миёни ҳар ду кишвар дар соли 2021 марзи 1,3 миллиард долларро убур намуд.
«Тибқи омори расмӣ, соли 2021 гардиши молии мо 1 миллиарду 352 миллион долларро ташкил дод. Ин нишондиҳанда на танҳо аз тамоми арзишҳои пеш аз пандемия зиёд аст, балки дар тӯли 10 соли охир ба ҳадди таърихӣ табдил ёфт. Табодули мол миёни кишварҳои мо дар як сол 39 дарсад афзоиш ёфт», — гуфта буд қаблан дар мусоҳиба бо ТАСС роҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия 72,5 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2020 аз ҷиҳати пулӣ 77% ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ қариб 70% афзоиш ёфтааст. Бархе аз маҳсулоти аслии воридотии Тоҷикистон ба Русия дар соли 2021 пахта ва ришта, инчунин ҷӯробҳои аз риштаи пахтагин истеҳсолгардида, либос ва пойафзол буд. Воридоти ин маҳсулот ба Русия беш аз 50 миллион долларро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2020 мутаносибан 72,6% ва 66,5% афзоиш ёфтааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»