Дар ноҳияи Риштони Фарғона Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон — Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд

Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона маросими тантанавии ифтитоҳи Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон — Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад НИА «УзА».

Тибқи иттилои агентӣ, халқҳои ӯзбек ва тоҷик аз замонҳои қадим бо ҳам пайванди дӯстӣ ва хешовандӣ доранд. Дар вилояти Фарғона тоҷикон низ зиндагӣ мекунанд, дар ин ҷо Маркази миллии фарҳангии тоҷикон фаъолият мекунад, дар 26 мактаб таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона 100 нафар донишҷӯ бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Дар минтақаи Риштон Ҳукумати Тоҷикистон муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ бунёд мекунад. Умуман, ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун фаъолона рушд мекунад.

Таъсиси Ҷамъият робитаҳои дӯстона ва бародаронаро ба марҳилаи нав баровард.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо Содиқ Имомӣ дар маросими ифтитоҳ зикр намуданд, ки маркази нав ба таҳким ва рушди  дӯстии анъанавии ду халқ мусоидат хоҳад кард.

Меҳмонон бо шароити бинои Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шинос шуданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба китобхонаи ҷамъият китобҳоро ба забони тоҷикӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар бинои Ҷамъият китобхона, осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ, курсҳои забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ ва гурӯҳи мусиқию рақсии ӯзбекӣ-тоҷикӣ фаъолият менамоянд.

Дар толори асосии бинои муосири Ҷамъият намоишгоҳе ташкил шудааст, ки таърихии ӯзбекҳо ва тоҷиконро инъикос мекунад. Дар он тасвирҳои  нависандагон, шоирон, ходимони илм ва фарҳанг, намунаҳои эҷодиёти онҳо, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳадафи асосии Ҷамъият – барқарор ва рушди робитаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, иқтисодӣ байни аҳолӣ, ташкилот ва корхонаҳои ҷамъиятии вилояти Фарғона ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Tags: