ТВТ. 11.08.2022. Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.
Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин” аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маҷмааи хизматрасонӣ дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бунёд гардида, бештар аз 30 нафар коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» тадбирҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар Маҷмаи хизматрасонии «Тоҷи заррин» 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва барои бунёди он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа роҳандозӣ гардид, ки хусусияти доимӣ касб карда, нишонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: prezident.tj