Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод»-ро ифтитоҳ намуданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхона дар масоҳати 7 гектар замин бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, биноҳои зери сохтмон 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Баъди бунёди корхона дар ин ҷо имкон фароҳам омад, ки то 850 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд. 30 фоизи коргаронро занону бонувони хонанишини маҳаллаи гирду атрофи корхона аз ноҳияи Сино ташкил медиҳад. Аксари занон дар ин ҷо ба кори техникӣ — бандубасти таҷҳизоти барқӣ машғуланд. Дар рафти сохтмони корхонаи мазкур зиёда аз 300 сохтмончӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар корхонаи навтаъсис дар 16 хати истеҳсолӣ 36 намуд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ, лавҳаҳои мукаммали 0,4; 6 ва 10 кВ, истгоҳҳои мукаммали трансформатори 6/10 ва 20 кВ, лифт, дари оҳании даромадгоҳҳо, обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, пояи хатҳои ҳавоии баландшиддат, монеадевори роҳҳои автомобилгард, хомӯшкунакҳои худкор, пояҳои оҳании мухталиф барои равшаннамоии гулгашту хиёбонҳо, болорҳои оҳании дутарош ва коркарди конструксияҳои оҳании мухталиф анҷом дода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол истеҳсоли 300 000 ҳисобкунаки барқии интелектуалӣ, 10 000 лавҳаи мукаммали пастшиддати 0,4;6 ва 10 кВ, 600 истгоҳи мукаммали трансформаторӣ 6 ва 20 кВ, 24 000 дари оҳанӣ, 40 000 обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, 50 000 тонна пояи оҳании хатҳои баландшиддат, 130 000 метр монеадевори роҳҳои автомобилгард, 500 000 хомушкунаки худкор, 10 000 пояи оҳанӣ барои равшанинамоӣ, 12 000 тонна болори дутарош ва 20 000 тонна конструктсияи оҳании мухталиф мебошад.

Дар корхона дар як сол 500 лифт истеҳсол мешавад, ки дар бастабандии он 40 фоиз қисмҳои эҳтиётӣ аз корхонаҳои ватанӣ истифода мегардад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.

Дар корхона хатҳои технологии муосир бо идораи барномасозии рақамӣ аз пешрафтатарин истеҳсолкунандагони Италия, Финляндия, Олмон, Туркия ва Чин ворид гардидааст.

Иншооти нав дорои 4 коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи мукаммалсозии таҷҳизоти барқӣ, коркарди варақаҳои пӯлодӣ, коркарди конструксияҳои оҳанӣ ва руҳандуднамоӣ мебошад.

Коргоҳҳои барҳаво бо истифодаи конструксияҳои оҳанӣ ва лавҳаҳои сендвичии босифат қомат афрохтааст.

Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолоти корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷҳизоти муосири корхонаи нав ва маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба масъулин барои таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Пас аз шиносоӣ бо рафти истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Дар саҳни намоишгоҳ курсиҳо ва пояҳои равшаннамоӣ барои гулгашту хиёбонҳо, ороишот аз варақаҳои пӯлодӣ, гулдонҳои оҳанӣ, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояи хати ҳавоии баландшиддат, монеадевор барои роҳҳои автомобилгард ва дигар намуди маҳсулоти металлӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхона, аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Tags: