ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби ҶСК «Душанбе-Саноат» дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шуда, дар он истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир ба роҳ монда шудааст.
Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом – тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода карда мешаванд. Маҳсулоти корхона вобаста ба таъйинот панелҳои сақф ва панелҳои девор ҷудо карда шуда, асосан барои намои берунаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъйиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна ва яхдон бо мақсади нигоҳ доштани сардӣ ва гармӣ истифода карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъ ва дар як сол 276 ҳазору 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур 25 нафар бо кор таъмин гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо омӯзиши низоми кории таҷҳизоти муосири васлгардида фаро гирифта шудаанд.
То ҳол ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Акнун бо мавриди амал қарор гирифтани Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти “Сэндвичпанел” дар шаҳри Душанбе арзиши чунин маҳсулот барои аҳолӣ арзон гардида, дастрасӣ ба он низ осон мегардад. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидааст, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ибратбахш номида шуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои ҶСК “Душанбе-Саноат” шинос шуданд. Дар намоиш маҳсулоти коргоҳҳои фулузоти бетонӣ оид ба тахтасангҳои деворӣ, новаҳои бетонӣ, маҳсулоти соҳилмустаҳкамкунӣ, сутунҳои бетонӣ барои хатти интиқоли барқ, коргоҳҳои омезиши бетонӣ оид ба истеҳсоли бетони М-100, 150, 200, 350 ва 400, сутунҳои фулузотӣ барои хатти барқ, панҷара, дарвоза, нишастгоҳҳои гуногун, қуттиҳои партовгирӣ, зинапоя, коргоҳҳои тавлиди оксиген, коркарди чубу тахта, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ пешниҳод гардид.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавлиди номгӯи нави маҳсулоти босифати саноатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда низ тадбирҳои бештар амалӣ гардонанд.
ҶСК “Душанбе-Саноат” дар масоҳати 253 ҳазору 400 метри мураббаъ дар баробари фаъолияти якчанд коргоҳҳои истеҳсолӣ инчунин гармхона бунёд намудааст, ки дар гулу буттаҳои ороишӣ ва меваҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд. Истифодаи самараноки заминҳои назди ҷамъият манбаи асосии сабзгардонӣ ва гулзорнамоии атрофи коргоҳҳо ва таъмини кормандон бо меваҳои ситрусӣ