Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии мутахассиси сербӣ — Деяна Дедович ба машқҳои омодагӣ баҳри иштирок дар бозиҳои интихобии Осиё-2020 оғоз бахшид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Барои иштирок дар ин машқҳо ин мутахассис ба ҳайат 17 бозингарро, ки 3 нафарашон дарвозабон мебошанд, даъват намудааст. Дар рӯйхати ниҳоии даста барои ширкат дар ин бозиҳо 14 нафар бозингарон иштирок карда метавонанд. Ҳафтаи оянда, 17 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба шаҳри Машҳади Эрон сафар мекунад ва машқҳои ҷамъбастии пеш аз оғози ин мусобиқаро дар ҳамин шаҳр мегузаронад.

Ёдовар мешавем, ки  дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзал дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи иттиҳоди Марказ ва Ҷануб иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «А» футзалбозони  шинохта бозиҳои  худро бо дастаҳои мунтахаби  Непал 23 октябр, Афғонистон 24 октябр ва Ӯзбекистон 25 октябр доир хоҳанд намуд. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор мегардад.

Ҳайати пурраи  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал:

Дарвозабонҳо: Фируз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (аз – «Соро компания»), Баҳромхоҷа Сидиқхоҷаев («Сипар»);

Бозингарони майдон: Дилшод Саломов («Сипар»), Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (аз – «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков, Идрис Ёров (аз – «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Памир»), Самандар Ризомов («Карон»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

АМИТ «Ховар»

Tags: