Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

ТВТ.19.08.2022. 19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ кормандони ҷавону ботаҷриба ва корозмуда ба вазифаҳои масъулиятнок таъин шуданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва авзои минтақа, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ бо таҳлилу мисолҳо ибрози назар намуда, супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат аз кадрҳои ҷавону болаёқат талаб намуданд, ки онҳо бо таҷрибаи андӯхтаи худ ва бо истифода аз шароити муосири таъминнамудаи Ҳукумати кишвар, корро дар самти мубориза бо ҳама гуна қонуншиканиҳо пурзур намоянд, ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур оид ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед” - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

Манбаъ:prezident.tj

Tags: