Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.
Доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкори судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар»