Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара сохторҳои зертобеи дар ноҳиябудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 24 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Ҳамчунин ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудаанд.
Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 16 кВ насб карда шудааст.
Дар баробари ин атрофи бино низ чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди мамлакат гардид.
Аснои ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар чунин шароити замонавӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулияти бардӯшдошта ва дар сатҳи баланд ба мардум хизмат расонидан вазифадор карданд.
АМИТ «Ховар»