24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.
Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал се агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешаванд. Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии неругоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати неругоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд. Таъмири дарбандҳои бефи поëн ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст. Агрегати №1-и неругоҳ пурра таҷдид шуда, давоми се моҳи охир дар озмоиши истифода қарор дошт.
Имрӯз агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифта, фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Ҳоло таҷзияи агрегати №4-и неругоҳ идома дорад. Дар толори мошинҳо ва майдони васлгарии кушода васли статор ва ротори генератори навбатӣ идома дорад. Иттилоъ доданд, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” трансформатори қуввагии №4 таҷзия шуда, васли трансформатори нав пеш меравад.
Корҳои зиддизангзании дарбанди агрегатҳои рақами 2, 4, 5, 6, 8 ва 9 ҳам аллакай ба анҷом расонида шуда, чунин корҳо дар агрегати №3 идома меëбанд.
Бо назардошти фаъолияти зиëд 25 кран ва механизмҳои борбардор нав гардида, ба истифода дода шудаанд. Кранҳо бо иқтидори борбардории 120 ва 50-тоннагии анбори марказии неругоҳ барои озмоиш омода карда мешаванд.
Лавҳаи тақсимотии 6 кВ, лавҳаҳои Н-1, то Н-5 ва Н-9, ки барои эҳтиëҷоти хусусии неругоҳ пешбинӣ шудаанд, компрессорҳои муваққатӣ, қубурҳои системаи ҳавои фишурдаи паст ва баланд, инчунин пойгоҳҳои галереяи назорати обрасонҳои турбинавӣ, фекалии соҳили рост, коллектори дарбандҳои куравӣ, чоҳҳои полоишии рақамҳои 1,2,3, ва 5 дар истифода қарор доранд. Дар маҷмӯи зеризаминӣ васли ҷӯйборҳои ноқилӣ ва ноқилҳои баландшиддат идома дорад. Дар зеристгоҳҳои Н-14 ва Н-16 трансформатори нав насб намудаанд. Дар доираи марҳилаи аввали Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” корҳо дар чор самт бо суръат ва сифати баланд пеш мераванд.
Аз 97 обқабулкунаки пезометри бефишор 93 ва аз 269 пезометри фишордор 228 адад тоза карда шуда, дар галереяҳои назоратӣ аз 57 пезометри дуқабата 17 адади онро ба истифода додаанд. Ҳамчунин дар умқи 130 метр, нишонаи 665 ва дар соҳили чапи неругоҳ 4 пезометр ва 5 инклинометр васл гардидаанд.
Таҷдид ва таъмири таҷҳизоти гидромеханикӣ, эҳтиëҷоти хусусӣ ва кранҳо, ивазнамоии системаҳои ҳавотозакунӣ дар камераҳои дарбандҳо, коллектории рақами 1, 2 ва васлии 6В, инчунин таҷҳизоти таъминоти об, оташнишонӣ, 6 автотрансформатор, насби васлакҳои элегазии 500 кВ ва генератори дизелӣ аз корҳои дигари нақшавӣ буда, қисман ба анҷом расонида шуда, дар қисми дигар бо сифат идома доранд.
Бо мақсади таъмини бехатарии сарбанди неругоҳ дар доираи лоиҳа корҳои кофтукови геотехникӣ, мониторинги полоиш, масофа, геодезӣ ва сейсмикӣ гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО “Норак” 375 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 1,4 миллиард кВт соат зиëд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавоноии неругоҳ 3000 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 11,2 миллард кВт соатро ташкил медод.
Пудратчиҳои асосии Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО «Норак» ширкати «Андритз Гидро», ҶСК «ТГЭМ» ва ҶСК «Синогидро СО» буда, барои иҷрои корҳо ҶСК «ТСГЭМ» ва ҶСК «Инвертор» ҷалб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба мутахассисону дигар кормандон изҳори сипос намуда, ба масъулон барои анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии қисматҳои боқимонда дар доираи лоиҳа бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АМИТ «Ховар»