Пешниҳод: Раводид ба Русия бепул карда шавад

Олег Сафонов, роҳбари “Ростуризм”  гуфтааст, ки арзиши раводидҳо ба русия бояд поён бурда шавад ва ё ин хизматрасонӣ умуман ройгон гардад.
Дар ин хусус  хабаргузории Rambler News Service иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи номбурда соҳаи сайёҳии Русия дар қиёс ба дигар давлатҳо дар ҳолати бад қарор дорад.
 “Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир даст кашидан аз раводид ба манфиати кор аст. Моро зарур аст, ки низоми раводидро сабук созем”, -афзудааст, Сафонов.
Бояд гуфт, ки ҷаноби Сафонов авоили моҳи марти соли гузашта талаб карда буд, ки нархи раводидҳо бо мақсади чалби бештари сайёҳон то 20-30 доллар поён фароварда шавад.
Айни ҳол нархи раводид барои сайёҳони хориҷии тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба Русия меомада аз 60-80 доллар ва барои хориҷиёни ихтиёрӣ аз 80-100 долларро ташкил медиҳад

Tags: