Ҳамватанони азиз!
Баъд аз чанд лаҳза соли 2016, ки дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, соли нави мелодии 2017 фаро мерасад.
Ба ин муносибат, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, ҳамчун соли биступанҷумин солгарди озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакатамон воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда буд.
Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.
Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, чанд рӯз пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал изҳори андеша кардам.
Дастовард ва рӯйдоди воқеан таърихӣ рӯзи 22 –юми декабр аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Қатънома доир ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро беш аз 190 давлати дунё дастгирӣ карданд.
Қабули ин санади муҳим, ки чорумин ташаббуси кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, боиси боз ҳам тақвият ёфтани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонони кишвар дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мо соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудем.
Саъю талоши пайгиронаи ҷавонони даврони истиқлолият дар самти омӯзиши илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад.
Бовар дорам, ки онҳо ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон, таъмини амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, зеро ояндаи сарзамини биҳиштосоямон дар дасти онҳост.
Вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем.
Мо бояд дар ин сол бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон дастҷамъона ва содиқона талош намоем.
Зеро дастовардҳое, ки то имрӯз ноил шудаем, аз мо мебошанд.
Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем.
Хусусияти неки ҷашнгирии соли нави мелодӣ ин аст, ки мардуми олам бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд.
Дар остонаи истиқболи соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорам, ки соли нави мелодии 2017-ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Соли нави мелодии 2017 – ум барои давлату миллати мо оғози марҳалаи нави рушд ва амалишавии нақшаҳои навин барои ояндаи ободу осуда маҳсуб мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин раванд мардуми бонангу номуси мо дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, ҷиҳати муаррифии шоистаи давлати тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳон саҳми ватандӯстона мегузоранд.
Умедворам, ки соли нави мелодии 2017 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар ин соли нав дар самти рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин, кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2017 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!