Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти касбиатон барору комёбиҳо орзумандам.

Таъсис ёфтани Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сифати сохтори алоҳидаи низомӣ дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ҷиҳати пойдории  давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар нақши бузург ва таърихӣ бозид.

Давлату Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдории мустақил эътибори аввалиндараҷа дода, барои муҳайё кардани шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Хусусан, дар зарфи солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ даҳҳо дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини  ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ низ эътибори зарурӣ медиҳад.

Зеро мардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба сарҳадбонон ҳимояи дороии муҳимтарини худ – марзу буми Ватани аҷдодиро бовар карда супоридаанд.

Барои хизмати содиқона ва ҷасорату мардонагие, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тӯли солҳои сипаришуда нишон додааст, даҳҳо нафар афсарону сарбозони ҷузъу томҳои ин сохтори низомии мамлакат бо рутбаҳои баланди ҳарбӣ ва мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар ин муддат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, яъне ҳимояи марзу буми Ватан даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки мардуми сипосгузори Тоҷикистон номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Солҳои охир вазъи сиёсиву низомии сайёра ва минтақа торафт мураккаб ва пешгӯинашаванда гардида истодааст. Дар чунин шароит хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон қарор доранд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, сатҳи омодагии касбӣ ва донишу малакаи худро мунтазам баланд бардоранд.

Хусусан дар шароите, ки таҳдиду хатарҳои нав, пеш аз ҳама, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба суботу оромӣ ва амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо хатари воқеӣ эҷод мекунанд, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар бо риояи интизоми оҳанини низомӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар ҳоли омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қӯшунҳои сарҳадӣ минбаъд низ марзу буми Ватани соҳибихтиёри худро мисли гавҳари чашм, сарвати бебаҳо ва шарафу номуси миллии худ ҳифз мекунанд.

Бо изҳори итминон бори дигар тамоми марзбонони далеру шуҷои Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, иродаву рӯҳи қавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои душвор, вале пурифтихорашон комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашни касбӣ муборак бошад, марзбонони шуҷои Ватан!

Tags: