Парлумон ба Қонуни минтақаҳои озоди иқтисодӣ тағйирот ворид менамояд

Ояндаи наздик палатаи  поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» тағйиру  иловаҳо ворид менамояд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон  25 сентябр зимни баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи Киото (1973) дар бораи содагардонии механизми воридот ва содирот аз ҳудуд ва ба ҳудуди минтақаҳои озод таҳия гардидааст.

Ҳамзамон аъзои Шӯро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муфлисшавӣ»-ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки  лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудан ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таҳия гардидааст. Иловаи қисми 6 ба моддаи 53 масъалаи бо дархости кредитор аз ҷониби суд дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулии шахси муфлисшударо, ки дар асоси он молу мулк ба фоидаи чунин кредитор ҳамчун таъминот пешниҳод шудааст, муқаррар менамояд. Инчунин лоиҳаи қонун ба таъмини ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон дар ташкилотҳои қарзӣ нигаронида шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»  баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: