22 ноябр бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони касбии мамлакат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ-ин иди фархунда ва изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯъ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Мавсуф иброз намуд, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд ва онҳо ҳеҷ гоҳ асли худро фаромӯш накардаанд.
Дар «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз ҷумла омадааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
АМИТ «Ховар»