Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ 102,5 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд

Мутахассисони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ  зимни гузаронидани 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ  дар зарфи нуҳ моҳ 102,5  миллион сомонӣ зарари молиявӣ  муайян намудаанд. Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби мамлакат дар ҷаласаи ҳисоботӣ, ки дар ҳузури раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Қарахон Чиллазода доир гардид, зикр шуд.

Қарахон Чиллазода гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои марбутаи мамлакат,   инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон дар ҷаласаи ҳисоботи сараудиторон ва сардорони раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: