Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2019 иштирок мекунанд

Аз 4 то 7 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур гӯштингирони навраси қораи Осиё дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин чемпионат 13 варзишгари шинохта бо роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррухрӯз Раҳмонов намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин. Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон

Гӯштини юнонӣ-римӣ:
1. Алимов Суҳроб (вазни 45кг)
2. Худойбердиев Давлатҷон (48кг)
3. Мирзораҷабов Фирӯз (55кг)
4. Шарипов Давлаталӣ (60кг)
5. Собиров Нозимҷон (65кг)
6. Очилов Шероз (71кг)
7. Саидзода Султон (82кг)

Гуштини тарзи озод:
1. Қодиров Ҷамшед (51кг)
2. Ахмедов Мустафо (65кг)
3. Ашрафхонов Саидасан (71кг)
4. Шукуров Абубакр (80кг)
5. Раҷабов Исмоил (92кг)
6. Маҳмадалиев Меҳроб (110кг)

Барномаи Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон:
4 июл
Гӯштини юнонӣ-римӣ: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг

5 июл
Гӯштини юнонӣ-римӣ: 65, 71, 80кг, Гӯштини занона: 40, 46, 53, 61, 69кг

6 июл
Гӯштини занона: 43, 49, 57, 65, 73кг, Гӯштини тарзи озод: 65, 71, 80кг

7 июл
Гӯштини тарзи озод: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг

Эзоҳ: рақобатҳои муқаддамотӣ аз соати 10:30 то 14:00. Финал аз соати 17:00 то 19:30 бо вақти Душанбе

Tags: