Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва шуъбаи фарҳанг ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни сарояндагону навозандагони навраси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмун эълон кардааст.
«Аз таҷрибаи чандинсолаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ боварӣ ҳосил кардам, ки кӯдакону наврасони зиёде ба ҳунари мусиқӣ ва овозхонӣ шавқу рағбати беандоза доранд ва вазифаи мо, ҳунармандон кашф ва сайқал додани истеъдоду маҳорати онҳо ба шумор меравад»,-баён дошт узви ҳайати ҳакамони озмун, ҳунарманди Театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Хоруғ Ҷобир Хубоншоев,
Озмун 27 март дар студияи телевизиони Бадахшон баргузор мегардад ва як ҳафта идома меёбад. То ба ҳол наздики 200 нафар кӯдакону наврасон барои ширкат дар озмун дархост пешниҳод намудаанд. Дар даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон ғолибони ин озмун дар саҳнаи театри вилоятӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ғолибони озмуни «Дурдона-2017» бо мукофотҳои арзишманд, аз қабили ноутбук, планшет ва телевизор қадрдонӣ мешаванд.
АМИТ "Ховар"