Озмоишгоҳи «Тоҷикстандарт» барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии «ILAK» иҷозат гирифт

Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи  ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) аст, барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») қарор қабул кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, 4 ва 5 феврал  дар Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҷониби Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи  ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) мебошад, санҷиши назоратии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронида шуд. Дар раванди санҷиш асосан мутобиқати фаъолияти озмоишгоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Натиҷаи санҷиши назоратӣ нишон дод, ки дар озмоишгоҳ дақиқии ташхисҳо ва дигар талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя мегардад ва бо назардошти ин барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» қарор қабул карда шуд”,-  илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2018 Маркази ташхисӣ дар феҳристи озмоишгоҳҳои дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсияшуда ба қайд гирифта шудааст. Марказ тибқи талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2009 «Талаботи умумӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ» аккредитатсия карда шуда, соҳиби аттестати аккредитатсия мебошад. Дар давраи якуми аккредитатсия 21 усули ташхисӣ ва дар давраи дуюми аккредитатсия  40 усули ташхисӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин доираи ваколатҳоро қариб 2 баробар зиёд менамояд. Ҳамзамон ба системаи рамзии намунаҳо ва ҷобаҷогузории менеҷерҳои сифат дар сохтори ташкилии «Тоҷикстандарт»  баҳои хуб дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси Осиёи Миёна Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дуюмин мамлакатест, ки озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквориаш дар ин доира ваколати байналмилалӣ мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: