Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бар дастаи мунтахаби Непал бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, дар гурӯҳи F шумораи холҳояшро бо дастаи мунтахаби Яман баробар кард.
Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик гузашт. Дар натиҷа муҳофизатгарони дастаи мунтахаби Непал ба фишори дастаи мунтахаби Тоҷикистон тоб оварда натавониста, се маротиба дар майдони назди дарвозаашон қоидаи бозиро дар муқобили ҳамлагарони мо вайрон карданд ва довари вохӯрӣ Моъуд Бунёдифард се зарбаи 11-метра таъйин кард. Нуриддин Давронов (дақиқаи 20-ум, 1:0), Парвизҷон Умарбоев (60, 2:0) ва Манучеҳр Ҷалилов (87, 3:0) тӯбҳоро ба нишон расониданд. Дар бозии дуюми гурӯҳи F дастаи мунтахаби Яман бо Филиппин қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ин натиҷаи баробар ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки фарқи холҳояшро бо яманиҳо баробар намояд.
Ба ҳамин тартиб, бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман, ки 14 ноябр дар Тоҷикистон мегузарад, масъалаи ба бозиҳои финалӣ рафтани яке аз ин дастаҳоро маълум мекунад.
Дар таърихи футболи Тоҷикистон бори аввал дастаи мунтахаби мо дар як вохӯрӣ ба задани се зарбаи пеналтӣ сазовор шудааст.
Гурӯҳи F
ТОҶИКИСТОН– Непал – 3:0
Голҳо: Нуриддин Давронов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (3:0).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Искандар Ҷалилов, 46), Парвизҷон Умарбоев (Шериддин Бобоев, 80), Дилшод Восиев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.
Довар дар майдон: Моъуд Бунёдифард (Эрон).
АМИТ "Ховар"