Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Узбекистон доир мешавад

ТВТ.12.08.2022. Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот-2026 дар Узбекистон баргузор мешавад. Чунин тасмим 8 август дар ассамблеяи генералии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) гирифта шуд.

Конгресси Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон, ки дар он Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот барпо гардид, доир шуд. Дар конгресс мизбони Олимпиадаи шоҳмот дар соли 2026, ки барои баргузории он Лаҳистон, Замбия ва Узбекистон муддаӣ буданд, муайян гардид.

Ба сабаби он ки Лаҳистон ва Замбия бинобар надоштани номаи кафолати ҳукуматҳои кишварҳояшон натавонистанд ба овоздиҳии ниҳоӣ ворид шаванд, қарор қабул гардид, ки олимпиада дар Узбакистон баргузор шавад.

Ҳамин тариқ, соли 2026 Узбекистон бори аввал мизбони Олимпиадаи шоҳмот мешавад.

Соли 2024 Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот аз 28 июл то 9 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шуд. Дар олимпиада 800 нафар варзишгарон дар ҳайати 188 дастаи мардона ва 162 дастаи занона иштирок карданд. Олимпиада дар 11 давр баргузор шуда, миёни дастаҳои мардона тими мунтахаби Узбекистон ҷойи аввал, Арманистон ҷои дуюм ва Ҳиндустон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дастаҳои мардона ва занонаи Тоҷикистон ҷойҳои 67 ва 78-умро ишғол намуда, 12 ва 11-холӣ гирифтанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: