Оғози татбиқи дуюми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти баланд бардоштани самаранокии неруи барқ

Бо мақсади ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи дуюми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти баланд бардоштани самаранокии неруи барқ ва гузаштан ба неруи барқи таҷдидшаванда дирӯз бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии салоҳиятдори соҳаи сайёҳӣ ва Ассотсиатсияҳои дар ҷомеа асосёфтаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар видеоконфронс ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони татбиқкунандаи лоиҳа – Маркази Тоҷикистон ва Норвегия оид ба рушди устувор (Tajnor consulting) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд.

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳор дошт, ки рушди технологияи неруи барқи таҷдидшаванда самаранокии истифодаи неруи барқро боло бурда, ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро дар муҳити зист коҳиш медиҳад.

Гузаштан ба неруи барқи таҷдидшаванда дар покиза нигоҳ доштани табиат нақши барҷаста дошта, барои рушди босуботи саёҳати экологӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар шароити ҳукмронии буҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, хусусан дар самти рушди инфрасохтори неруи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншооти сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мавриди ёдоварист, ки як моҳ қабл марҳилаи аввали татбиқи якуми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупо дар доираи ташаббусҳои Роҳи Абрешим оғоз гардида буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: