Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия

7 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи «Орли»-и Франсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: