Субҳи рӯзи 16-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарият, фаъолон ва сокинони шарафманду меҳнатдӯсти вилоят бо самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, ба сохтмони иншооти нав оғози расмӣ мебахшанд.