ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Дар ғарби вилоят бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона тағйир ёфта аз 10-15 то 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориш ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона  3+5  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: