НОЗИРОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ: таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани интихобот дар дигар давлатҳои Иттиҳод муфид хоҳад буд

«Мо  раванди маъракаи пешазинтихоботиро дар ВАО, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ   мушоҳида кардем. Дар Тоҷикистон таблиғотро ҳам худи номзадҳо ва ҳам ситоди онҳо хеле дуруст ба роҳ мондаанд. Мехоҳам изҳор дорам, ки дар бисёр давлатҳо ин мушкилии ҷиддӣ аст. Дар ин росто, таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани интихобот дар дигар давлатҳои ИДМ муфид хоҳад буд»,- изҳор доштанд ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байналмилалии Асамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) — раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба сохтори федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимол Олег МЕЛНИЧЕНКО ва Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий КОБИТСКИЙ зимни суҳбат бо муҳаррири бахши русии АМИТ “Ховар” Елена БАТЕНКОВА.

Онҳо иброз доштанд, ки дар давраи кори намояндагии мо то имрӯз ягон эрод ё шикоят бақайд гирифта нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми раванди интихобот дар доираи қонунгузории миллӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва демократии баргузории интихобот мувофиқат мекунад, сурат мегирад.

“Дар тамоми участкаҳо меъёрҳои санитарӣ ва масофа риоя карда мешаванд, ҳама ниқоб пӯшидаанд. Раванди интихобот бомаром ҷараён дорад, одамон бо якдигар бо эҳтиром, бо фаҳмиш муносибат мекунанд, ин хеле ба мо писанд омад”, -зикр  намуданд мушоҳидони байналмилалӣ.

Дар баробари ин, ба назари мушоҳидони байналмилалӣ, дар ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон як  чизи хуб мушоҳида шуд, ки барои дигар давлатҳо комилан хос нест. Ин ташкили ҳуҷраҳо барои модарону кӯдакон ва марказҳои тиббӣ мебошанд. “Дар Тоҷикистон  тамоми шароит барои омада овоз додани шаҳрвандон муҳайё сохта шудаанд”, — гуфтанд онҳо.

P.S. Матни пурраи мусоҳабаи Елена Батенковаро бо Олел Мелниченко ва Дмитрий Кобитский дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» мутолиа намоед.

АМИТ “Ховар”

Tags: