Номзадии Аҳмадинажодро дар интихоботи президентии Эрон рад карданд

Номзадии раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора расонаҳои Эрон хабар додаанд.
Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд, 19 апрел номзадияшро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард. Вале Ситоди интихоботии Эрон 20 апрел 6 довталаберо, ки аз тарафи Шӯрои нигаҳбон таъйид шуданд, эълом кард ва миёни онҳо номи раисҷумҳури пешин нест.
Аҳмадинажод дар сиёсати хориҷӣ назари муҳофизакор дошта, маъмурияти Бушро сахт танқид ва аз тақвияти робитаҳои Эрон бо кишварҳои арабу Русия ҳимоят мекард. Ӯ ҳамчунин борҳо зидди Исроил изҳороти тунд додааст.
Пештар роҳбари маънавии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Ӯ гуфт, номзадии Аҳмадинажод метавонад фазоро "дуқутбӣ" карда ва ба кишвараш "осеб" расонад.
Интихоботи президенти 12-уми Эрон 19 май баргузор мешавад.

Tags: