Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод

Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзақов, ки дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, тазаккур дода шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.

З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: