Имсол дар вилояти Суғд дар 178 ҳазор гектар зироати баҳорӣ мекоранд

Имрӯзҳо дар самти кишти зироат дар хоҷагиҳои вилояти Суғд дар 178451 гектар гузаронидани кишти баҳорӣ пешбинӣ гардида, то 15 апрел дар майдони 87112 гектар корҳо иҷро гардиданд, ки ба 48,8 фоизи дурнамо баробар аст.

Тавре сардори Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд Олимбек Юлдошзода зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  гуфт, аз майдони умумии кишти баҳории гузаронидашуда ғалладонагиҳо 51620 гектар, ҷуворимакка барои дон 1371 гектар, сабзавот 4455 гектар, аз ҷумла пиёз 3423 гектар, сабзӣ 621 гектар, помидор 84 гектар, картошка 4962 гектар, зироати равғандеҳ 2484 гектар, полезиҳо 920 гектар ва зироати хӯроки чорво 4912 гектарро дар бар мегиранд.

Зикр шуд, ки ҳоло дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ босуръат идома дошта, кишоварзон азм доранд бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва риояи қоидаҳои агротехникӣ корҳои кишти баҳориро сари вақт ба анҷом расонида, ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ба иттилои О.Юлдошзода, инчунин дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва пешгирии болоравии нархи он дар бозорҳои истеъмолӣ имсол дар вилоят дар 18500 гектар гузаронидани кишти картошка пешбинӣ гардидааст, ки 1786 гектарашро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. То 15 апрел дар майдони 4962 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1108 гектар зиёд мебошад.

Ҳамзамон мавсуф доир ба кишти пахта баён дошт, ки имсол вобаста ба шароити иқлим ва имконияти истеҳсолии ҳар минтақаи вилоят ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта ва дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар вилояти Суғд дар 60500 гектар гузаронидани кишти чигит пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба майдони воқеии соли 2020  2313 гектар зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти фаврии раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят, то 15 апрел дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар майдони 16378 гектар кишти чигит гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2549 га зиёд аст.  Аз ҷумла, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 2095 гектар (33,8%), Б.Ғафуров 2615 гектар (30,4%), Зафаробод 3890 гектар (26,2%), Конибодом 2377 гектар (39,6%), Мастчоҳ 2588 гектар (20,6%), Спитамен 1515 гектар (23,7%) ва Ҷ.Расулов 1298 гектар (22,0%)-ро дар бар мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: