Маркази миллии тестӣ: Давраи бақайдгирии ИМД то 30 апрел тамдид карда шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) то 30 апрел тамдид карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳад, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалини худро дар давраи бақайдгирӣ, ки тамдид гардидааст, иваз намоянд.

Инчунин ба шахсони барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия дода мешавад, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорат, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: