Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон 29 ноябри соли равон соати 17:00 дар Меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» семинар баргузор мекунад.
Тавре аз Маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, дар семинар масъалаҳо оид ба соҳаи туризм, алоқа, маснуоти саноати бофандагӣ, фарматсевтика ва туризми тиббӣ, соҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои бонкӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.
«Мақсад аз гузаронидани семинари мазкур- ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ
АМИТ «Ховар»