Дар вилояти Хатлон Рӯзи Парчами давлатиро бошукӯҳ таҷлил карданд

Бахшида ба Рўзи Парчами миллӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиш ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Дар давлатдорӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дорад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии кишвар барои боз ҳам муттаҳид гардидани мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, баланд гардидани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунад»,-иброз дошт муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҳамоиш.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар вилояти Хатлон силсилавохӯриҳо бо вакилони мардумӣ, занони фаъол, собиқадорони меҳнат доир шуда, барномаҳои фарҳангию варзишӣ ва конфронсхои илмӣ баргузор гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: