Дар шаҳри Кӯлоб баҳри сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ташкилоти соҳавӣ корҳои омодагӣ ҷараён дошта, баҳри ҳавасмандгардонии шаҳрвандон озмунҳои маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин гузаронида мешаванд.
Ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Орзуи Ҷурахон, баъди аз ҷониби комиссияи махсус оид ба тозагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз назар гузаронидани кӯчаю маҳаллаҳо ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳр бо ҷидду ҷаҳд ба ниҳолшинонӣ, тозакунӣ ва ободу зебо гардондани маҳаллаҳо шурӯъ намудаанд.
Ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, чанголӣ, оши бурида, қурутоб, фатирмаска, пухтани нонҳои гуногун ва дигар хӯрокҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар рӯзҳои ҷашнӣ бозиҳои варзишӣ низ гузаронида шуда, паҳлавонон дар майдонҳо қувваозмоӣ менамоянд.
Мардуми куҳандиёр ҳамеша фасли баҳорро интизорӣ мекашанд, чунки Наврӯз иди аҷдодии мо ба шумор меравад. Ҳар сол тоҷикон ин ҷашнро бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол гирифта, беҳтарин расму суннати онро иҷро ва барои ояндагон ба мерос мегузоранд.
АМИТ «Ховар»