ТВТ. 20.09.2022. Дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси комиссия Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ З. Завқизода зикр намуд, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт соли 2016 ба рушди ҳамкории дуҷониба заминаи нав гузошт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»