Дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ се футболбози навро барои бозӣ ҷалб намуд

Дастаи  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  аз гузариши ҳамлагари дастаи мунтахаби Кот-д’Ивуар Я Сатурнин-Ҳерманн хабар медиҳад. Футболбози африқоӣ қаблан дар дастаҳои  футболи «Депортиво»-и  Африқо  ва «Волкан»-и Кот-д’Ивуар ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар  дастаи  «Кӯктош» бо рақами 11 бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дастпарвари дастаи футболи  «Локомотив-Тошканд»  Асадбек Исломов дар ин мавсим шарафи  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ҳимоя хоҳад кард. Ҳимоятгари канори рост, ки дар дастаҳои футболи «Локомотив-Тошканд», «Металлург» ва «Бекобод» бозӣ кардааст,   бо дастаи футболи «Кӯктош» то охири мавсим шартнома ба имзо расонид

Бозингари сеюм Алиҷон Алиҷонов аст, ки дар академияи «Спартак»-и  шаҳри Тошканд таълими футбол гирифтааст. Баъдан ӯ дар корномаи варзишиаш дар дастаҳои футболи  «Навбаҳор», «Пахтакор» ва «Намангон» бозӣ карда, акнун бо пероҳани дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ хоҳад кард. Дар дастаи наваш     Алиҷон Алиҷонов рақами 4-ро интихоб кард.

АМИТ  «Ховар»

Tags: