АМРИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
  1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.
  2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
  3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дўстдорони санъату мусиқӣ ҷораҷўӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омўзгорони онҳоро бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣнамоянд.
  5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 540 000(ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
  6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
  7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
11 феврали соли 2021
№АП-42

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Tags: