Озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти нафтии «Тоҷикстандарт» 626 104,8 тонна маҳсулотро аз ташхис гузарониданд

Агентии  стандартизатсия,  метрология,  сертификатсия ва  нозироти савдои  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ошкор гардидани 888 тонна маҳсулоти cӯзишвории ғайристандартӣ дар соли 2020 хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин миқдор маҳсулоти сӯзишворӣ аз рӯи нишондоди адади октанӣ, миқдори сулфур  ва таркиби фраксионӣ ғайристандартӣ дониста шуда, фурӯшандагонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода 8 феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони  воситаҳои ахбори омма гуфт, ки ин миқдор сӯзишвории ғайристандартӣ зимни санҷиш аз нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ, ки дар самти роҳҳои шаҳру ноҳияҳои  Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб воқеанд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута  ошкор гардид.  Ҳамзамон аз сӯи нозирони Агентии «Тоҷикстандарт» дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 12 ҳазору 827 литр бензин ва 28 ҳазору 300 литр сӯзишвории дизелии ба талабот ҷавобгӯ набуда ошкор карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки  озмоишгоҳҳои  ташхиси маҳсулоти  нафтии Агентии «Тоҷикстандарт»  бо мақсади таъмини   сифат ва бехатарии  маводи сӯзишворӣ дар соли 2020  дар 4141 ҳолат  626 104,8 тонна  маҳсулотро аз ташхис  гузарониданд. Инчунин бо мақсади  муайян намудани  сифат ва ҳолати  фурӯши маҳсулоти  нафтӣ дар бозори  дохилӣ санҷишҳо  гузаронида шуда,  аз нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти  нафтӣ 2404 намуна ба миқдори  41 688,2 тона маҳсулот  ба озмоишгоҳҳо барои ташхис пешниҳод гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: