«Тоҷикстандарт» вуруди 24 549 кг чойи хушки пастсифатро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд

Воридоти 24 549 кг чойи хушки сиёҳ аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») пешгирӣ гардида, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт».

Чанде қабл аз ҷониби ҶДММ «Мирзо Анвар» (вилояти Суғд, н. Спитамен), ки тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 24 549 кг чойи хушки сиёҳ ворид намудааст, ба Маркази ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид гардид.

«Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба Маркази ташхисии Агентӣ пешниҳод гардида буд, муайян карда шуд, ки  намунаи чойи хушк аз рўи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест. Бо дарназардошти ин дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 24 549 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд», — илова намуд манбаъ.

Масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки дар самти пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок ва таъмини риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикстандарт» бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. «Новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулиятӣ роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд. Бо истифода аз фурсат аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат эҳсосу дарки баланди ватандўстӣ зоҳир намоянд», — тазаккур доданд дар «Тоҷикстандарт».

АМИТ «Ховар»

Tags: